Остона, 8 сентябри соли 2025-АИ «Караван инфо». Қазоқистон содироти гӯшти говро дар доираи квотаҳо бо таъмини кофии бозори дохилӣ нигоҳ медорад. Саршумори чорвои калон дар кишвар ба 8,7 миллион сар расид, ки нисбат ба соли гузашта 3,1 фоиз зиёд аст, хабар доданд Вазорати Кишоварзии ҶҚ.

Комиссияи байнисоҳавӣ тасмим гирифт, ки содиротро пурра манъ накунад. Содиркунандагон бо шартномаҳои ҷорӣ метавонанд ӯҳдадориҳоро то охири сол иҷро кунанд. Ин имкон медиҳад, ки бозорҳои хориҷӣ ва мавқеи Қазоқистон ҳамчун таъминкунандаи боэътимод нигоҳ дошта шаванд.
Барои дастгирии истеҳсолкунандагон аз 1 август барномаи қарздиҳии имтиезнок барои хариди чорвои фарбеҳкунӣ оғоз ефт. Инчунин меъери субсидия то 300 тенге барои як килограмм ҳангоми супоридани ЧКШ ба майдончаҳои парвариш ва комбинатҳои гӯштӣ баланд намуда шуд.
Ба рушди кластерҳои гӯштӣ бо технологияи австралия диққати махсус дода мешавад. Соли ҷорӣ 4 лоиҳа ба маблағи 11,7 миллиард тенге маблағгузорӣ шудааст.
Сурат: ВК ҶҚ