Остона, 14 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев Сафири Ҷумҳурии Австрия Андреа Бахерро қабул намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, аҳамияти рушди ҳамаҷонибаи минбаъдаи муносибатҳои қазоқистону австрияро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ – гуманитарӣ таъкид намуданд.

Дар тақвияти шарикии тиҷоратию сармоягузорӣ ба комиссияи Байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, кишоварзӣ, экологӣ, саноатӣ, техникӣ ва технологӣ, инчунин шӯрои Корӣ нақши калидӣ гузошта шуд.
Роҳбари ВКХ Қазоқистон ба дурнамои амиқ намудани кооперасия дар соҳаҳои зерин диққати махсус дод:
• Энергетика;
• Мошинсозӣ;
• Маҷмааи агросаноатӣ;
• Инфрасохтор.
Сафир Андреа Бахер ба нигоҳ доштани динамикаи баланди ҳамкории дуҷониба ва бисерҷониба изҳори манфиатдорӣ намуд. Мусоҳибон ҷонибдории худро ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва идомаи муколамаи фаъол дар доираи сафарҳои мутақобила ва чорабиниҳои муштараки дарпешистода тасдиқ намуданд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
