Қазоқистон ва Чехия мониторинги ифлоскунандаҳои заҳролудро тақвият медиҳанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Чехия мониторинги ифлоскунандаҳои заҳролудро тақвият медиҳанд

 Остона, 5 сентябри соли 2025-АИ «Караван инфо». Созмонҳои экологии қазоқистон «Жасил даму» ва «Казгидромет» дар бораи густариши ҳамкорӣ бо маркази Байналмилалии RECETOX (Чехия) барои мониторинги ифлоскунандаҳои органикӣ (МИО) мувофиқа намуданд. Қарор дар доираи лоиҳаи глобалии конвенсияи Стокголм қабул шудааст, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии Вазорати Экологияи ҶК.

Шарикони хориҷӣ ба ҷониби Казоқистон таҷҳизоти муосир – намунаҳои ғайрифаъол барои об ва ҳаво, гузаронидани санҷишҳои лабораторӣ ва омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ пешниҳод мекунанд. Ин барои ҷамъоварии маълумоти боэътимод барои гузориши чоруми ҷаҳонӣ оид ба МИО, ки дар конфронси байналмилалӣ дар соли 2027 пешниҳод намуда мешавад, зарур аст.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки байни “Казгидромет” ва маркази RECETOC Меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ имзо кунанд.

Аксҳо: Вазорати Экология ва захираҳои табиии ҶК

error: