Сеул, 10 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Муовини Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Алибек Бакаев дар ҷараёни сафари корӣ ба Сеул, ки санаи 4-5 ноябр баргузор шуд, бо Муовини вазири корҳои сиёсӣ Чон Ий Хие ва Муовини вазири корҳои хориҷӣ Ким Ҷин А мулоқот намуд. Ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар майдончаҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Дар гуфтушунидҳо бо Чон Ий Хие, ҳамсӯҳбатон хусусияти анъанавии дӯстона ва бовариноки муносибатҳоро қайд намуданд. Алибек Бакаев рушди пайвастаи муколамаи устувори сиёсӣ ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ – гуманитарӣ байни ду кишварро таъкид намуд.
Ба рушди амалиёти муштарак дар доираи формати “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея” диққати махсус дода шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои бомуваффақият гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланд ва олӣ кӯшишҳои ҳамоҳангшуда ба харҷ диҳанд. Мулоқот бо Ноиби вазир Ким Ҷин А ба рӯзномаи бисёрҷониба нигаронида шуда буд. Дурнамои таҳкими ҳамкории конструктивии Остона ва Сеул дар майдончаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи агентии Байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) баррасӣ намуда шуд.
Муовини вазир инчунин бо директори Иҷроияи Котиботи Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» Ри Ҷонг Кокум мулоқот намуд ва ба донишгоҳи Киберии Сеул ташриф овард.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
