Қазоқистон ва Ҷопон ёддоштҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо сӯхторҳои ҷангалро имзо намуданд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Ҷопон ёддоштҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо сӯхторҳои ҷангалро имзо намуданд

Токио, 24 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар ҷараёни сафари расмии президенти Қазоқистон ба Ҷопон ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таҳқиқоти иқлим ва пешгирии сӯхторҳои ҷангал ба имзо расиданд. Дар ин бора Вазорати экология ва захираҳои табиии ҶҚ хабар медиҳад.

Санаи 18-уми декабр Меморандум дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ байни Вазорати Экологияи Қазоқистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷопон баста шуд. Ҳуҷҷат тавсеаи ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаро пешбинӣ мекунад.

Санаи 20 декабр меморандуми сеҷониба байни Вазорати Экологияи ҶҚ, ҶС «НК Қазақстан Ғариш сапари» ва Донишгоҳи Чуои Ҷопон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти партовҳои газҳои гармхонаӣ ба имзо расид.

Худи ҳамон рӯз РГКП «Казавиалесохрана» ва ширкати ҷопонии «Fitech Co., Ltd»  меморандумро дар бораи чорабиниҳои муштарак оид ба мониторинг ва хомӯш намудани сӯхторҳои ҷангал бо истифода аз системаҳои авиатсионӣ имзо намуданд.

Аксҳо: Вазорати экология ва захираҳои табиии ҶҚ

error: