Қазоқистон ва СИАО ба мувофиқа расиданд ки муколамаро оид ба амнияти озуқаворӣ тақвият диҳанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва СИАО ба мувофиқа расиданд ки муколамаро оид ба амнияти озуқаворӣ тақвият диҳанд

Остона, 19 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев бо директори Генералии созмони Исломии амнияти озуқаворӣ (СИАО) Берик Арин мулоқот намуд.

Дар ҷараени суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Қазоқистон ва СИАО, инчунин фаъолияти ҷорӣ ва чорабиниҳои дарпешистодаи Созмонро баррасӣ намуданд. Қазоқистон дар амнияти озуқавории минтақа нақши калидӣ дорад ва яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони ғалла мебошад.

Дар натиҷаи мулоқот ҳамсӯҳбатон ба мувофиқа расиданд, ки муколамаро бо мақсади ҳалли масъалаҳои мубрами амнияти озуқаворӣ дар Фазои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲШ) тақвият бахшида, аҳамияти талошҳои муштаракро барои таъмини суботи таъминот таъкид намоянд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: