Дар арафаи чашни Байналмилалии Навруз Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон фармони афви 897 махкумшударо имзо намуд, ки 200 нафари онхо аллакай аз муассисахои ислохии кишвар озод шудаанд. Дар байни онхо 53 зан, 147 мард ва 27 ноболиг хастанд. Дар ин бора дар сарраёсати ичрои чазохои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон хабар дода шуд.

Озод намудани махкумшудагон бо фармони сарвари давлат “Дар бораи афви шахсоне, ки ба махрум сохтан аз озоди махкум шудаанд” имконпазир гардид. Дар доираи ин санад 98 нафар аз муассисаи ислохии 3/6 (режими умумии нохияи Ёван), 22 нафар аз идораи Асосии ичрои чазохои чиноятии муассисаи 3/4, 53 нафар занон аз муассисаи ислохии 3/8 дар шахри Норак, инчунин 27 ноболиг аз колонияи тарбиявии 3/12 озод намуда шуданд.
Тибки фармон, афв ба 897 махкумшуда дахл дорад, ки онхо мархила ба мархила озод намуда мешаванд. Ин карор идомаи тачрибаи бисёрсолаи сиёсати башардустонаи Эмомали Рахмон буд. Аз солхои аввали истиклолияти Точикистон ба шарофати чунин ташаббусхо 102 671 нафар афв намуда шуданд, ки 58 233 нафари онхо аз адои чазои чинояти озод намуда шуданд.
Навруз, ки рамзи навсози ва рахмдили аст, сабаби боз як амали гамхори ва бахшиши рохбарияти кишвар гардид. Чунин икдомхо на танхо арзишхои гуманистиро таквият медиханд, балки ба баркарорсозии ичтимоии шахрвандон мусоидат намуда, ба онхо барои зиндагии нав имконият медиханд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода