Дар доираи чашни рузи модар, шахрдории Душанбе барои заноне, ки дар тозаги ва ободонии кучахои пойтахт сахми назаррас доранд, масири махсуси сайёхи ташкил намуд. Чорабини изхори миннатдори ва эхтиром ба мехнати шабонарузии онхо гардид.

Экскурсия аз майдони 800-солагии Москва огоз ёфта, ба самти майдони Истиклол идома ёфт. Иштирокчиён ба осорхонаи таърихии Мачмааи “Истиклол” ташриф оварданд, ки дар он чо рохбаладон дар бораи иктидори сайёхи ва мероси фархангии Душанбе накл намуданд.
Барои иштирокчиён барномаи фарханги тахия намуда шуд, инчунин тухфахо ва гулхои тару тоза ба нишони миннатдори барои мехнати онхо такдим намуда шуданд.
Ташкили хатсайри сайёхи максадхои зеринро дошт::
– Ба занон барои сахмашон дар нигох доштани тозаги ва тартибот дар пойтахт изхори сипос намудан.
– Иштирокчиёнро бо чозибахои сайёхи ва фархангии Душанбе шинос намудан.
– Таъкид намудани ахамияти мехнати модарон ва накши он дар рушди шахр.
Чорабини на танхо ба ид табдил ёфт, балки хотиррасон намуд, ки мехнати занон, аз чумла дар сохаи ободони, сазовори эхтиром ва эътироф аст. Он инчунин ба баланд бардоштани хавасмандии занон дар сохаи ободони, тахкими адолати ичтимои ва эътирофи сахми хама дар рушди шахр мусоидат мекунад.
АКСХО: Хадамоти матбуоти Раиси шахри Душанбе