Аз аввали сол ба кули Балхаш 13,5 миллиард метри мукааб об фиристода шуд. Ба туфайли ин, сатхи миёнаи об дар кул аз руи системаи Балтика ба 341,60 метр расид. Ин натича бо сабаби зиёд шудани чараёни оби дарёи Или, ки кулро таъмин мекунад, имконпазир шуд.

Баландшавии сатхи об дар Балхаш натичаи хамкории Казокистон бо кишвархои хамсоя буд. Аз чумла, музокироти зиёде бо Чин, Русия ва Кишвархои Осиёи Маркази оид ба истифодаи якчояи захирахои оби фаромарзи баргузор гардид. Бо шарофати ин гуфтушунидхо, захирахои оби обанбори Капшагай зиёд намуда шуданд, ки имкон дод, ки хачми иловагии об ба кули Балхаш равона намуда шавад.
Ба гуфтаи вазири захирахои об ва обери Нурчон Нурчигитов, Казокистон кори худро барои тахкими хамкорихои байналмилали дар сохаи идоракунии захирахои об идома медихад. Аз чумла, лоихаи созишномаи байнихукумати бо Чин тахия намуда мешавад, ки ба таъмини чараёни устувори об ба кули Балхаш ва нигох доштани экосистемаи он равона шудааст.
Аксхо: gov.kz