“Бадахшони кухи – дарвозаи тиллоии Точикистон”: дар Дарвоз форуми байналмилалии сайёхи баргузор гардид – ИА Караван Инфо
"Бадахшони кухи - дарвозаи тиллоии Точикистон": дар Дарвоз форуми байналмилалии сайёхи баргузор гардид

Душанбе, 19 август, АИ «Караван Инфо». Санаи 15 август дар нохияи Дарвози Вилояти мухтори Кухистони Бадахшон форуми байналмилалии сайёхи бо номи «Бадахшон – дарвозаи тиллоии Точикистон» баргузор шуд. Чорабини намояндагони хукумат, тичорати сайёхи ва шарикони байналмилалиро чамъ овард, хабар медихад НИАТ Ховар.

Пеш аз огози форум дар мачмааи сайёхии «ЗЕВ.С» барои мехмонон намоишгохи хунархои халкии минтака ташкил намуда шуд.

Мехмонон бо намунахои беназири «кашида» – дузандагии анъанавии тамбури, матоъхои намунави, махсулоти кулолгари ва колинбофи шинос шуданд.

Иншоотхои экспозисияи этнографи таваччухи зиёд ба бор оварданд: 8 хонаи истикомати, осиёи оби ва шамоли, равганпази ва дигар намунахои хунархо, ки мархилахои гуногуни таърихии хаёти ахолии Бадахшонро инъикос мекунанд.

Таомхои милли ва намоиши анъанахои фарханги ба чорабини маззаи хосе бахшиданд.

Дар суханронии худ Муовини Сарвазири Точикистон Дилрабо Мансури таъкид намуд, ки муваффакиятхои соха бевосита ба дастгирии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон вобаста аст.

“Бо ташаббусхои беназир ва сиёсати пайгиронаи сарвари давлат дар солхои охир дар кишвар садхо иншооти сайёхи сохта ва ба истифода дода шуданд. Имруз Точикистон худро хамчун самти ояндадори сайёхии байналмилали боваринок эълон мекунад ” гуфт у.

Тибки Маълумоти Кумитаи рушди сайёхи, холо дар чумхури зиёда аз 356 субъекти хизматрасонихои сайёхи ва такрибан 200 ширкати сайёхи фаъолият мекунанд. Вилояти мухтори кухистони Бадахшон яке аз минтакахои пешрафтаи сайёхии минтака эътироф шудааст, ки таваччухи сайёхонро аз тамоми чахон бо куххои баланд, дарёхои кристалли ва табиати беназири худ чалб мекунад.

Дилрабо Мансури инчунин кайд намуд, ки барои рушди минбаъдаи сайёхи бунеди инфрасохтори муосир, хавасмандгардонии фаъолияти сармоягузори ва густариши хамкории байналмилали зарур аст.

Раиси Кумитаи Рушди сайёхи Чамшед Чумахонзода ва дигар Иштирокчиёни форум масъалахои лоихахои муштарак бо ширкатхои хоричи, рушди тачрибаи сайёхи, инчунин механизмхои чалби сармоягузори ва пешбурди бренди Точикистонро дар бозори чахонии сайёхи барраси намуданд.

Форуми Дарвоз кадами мухим дар тахкими робитахои байналмилали ва пешбурди Бадахшон хамчун “дарвозаи тиллоии” кишвар буд, ки кодир аст барои рушди иктисоди ва фархангии минтака дурнамои нав кушояд.

Аксхо: манбаъхои кушода

error: