Бахши аграрии Турсунзода: хазорхо тонна махсулоти тару тоза ба бозори дохили ва хорича интикол дода мешаванд – ИА Караван Инфо
Бахши аграрии Турсунзода: хазорхо тонна махсулоти тару тоза ба бозори дохили ва хорича интикол дода мешаванд

Душанбе, 24 июн, АИ «Караван Инфо». Шахри Турсунзода мавкеи худро хамчун яке аз марказхои пешрафтаи истехсолоти кишоварзии Точикистон таквият мебахшад.

Тавре, ки Макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахр хабар доданд, то имруз аз гармхонахои шахр 315 тонна помидор ва 782 тонна бодиринг ба фуруш гузошта шудааст.

Дар Турсунзода 76,89 гектар гармхона фаъолият мекунад, ки дар он помидор, бодиринг, булгори ва дигар зироатхои сабзавот парвариш намуда мешаванд. Танхо аз аввали мохи июн истехсолкунандагони кишоварзии шахр зиёда аз 1090 тонна махсулоти гармхонаи фурухтанд. Хачми умумии интиколи махсулоти кишоварзи ба бозорхои дохили 4676 тоннаро ташкил дод ва 3536 тонна ба содирот фиристода шуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 2218 тонна зиёд аст.

Барои нигох доштани махсулот дар шахр 78 камераи яхдон ва 4 анбор мавчуд аст, ки нигохдории то 24 930 тоннаро таъмин мекунанд. Дар айни замон дар яхдонхо 850 тонна сабзи ва 10 тонна мева чойгир намуда шудааст, ки хар руз ба бозорхои кишвар бароварда мешаванд.

Дар давоми панч мохи аввали соли 2025 дар сахрохои шахр 12 882 гектар зироатхои кишоварзи кишт намуда шуданд. Дар байни онхо: 8763 гектар галладона, 1117 гектар зироатхои техники, 2408 гектар сабзавот,204 гектар картошка, 601 гектар помидор, 552 гектар бодиринг, 601 гектар пиёз, инчунин сабзи, карам, зироатхои лубиёги ва хуроквори.

Хачми умумии истехсоли махсулоти кишоварзи дар шахр 198,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 30,2 миллион сомони зиёд буда, афзоиши 118 фоизро ташкил медихад.

Дар ин давра кишоварзони шахр 15 988 тонна сабзавот, 344 тонна картошка, 125 тонна мева, 1052 тонна гушт, 7645 тонна шир, 1492 тонна галла ва дигар махсулот истехсол намуданд.

Чамъоварии хосил идома дорад ва аграрияхои шахр хамаруза ба бозорхои кишвар ва содироти махсулот ворид намуда, суботи озукавори ва рушди иктисодии минтакаро таъмин мекунанд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: