Санаи 16 январ дар натичаи вохурихо ва гуфтушунидхо дар сатхи Олии Точикистону Эрон бо иштироки Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ва Президенти Чумхурии Исломии Эрон Масъуд Пезешкиён табодули 23 санади нави хамкори сурат гирифт.

Дар байни онхо Ёддошти байни академияи Миллии илмхои Точикистон ва Институти мухандисии генетики ва биотехнологияи Чумхурии Исломии Эрон.
Хадафи Ёддошт халли масъалахои милли ва байналмилали мебошад, ки ба амнияти озукавори ва саломатии харду кишвар, аз кабили беморихои эхтимолии эпидемия, тахияи усулхои ташхис, дорухои муассири растани, ошкор ва идоракунии ифлосшавии мухити зист, “сабз” ва манбаъхои баркароршавандаи энергия тавассути тахкикоти пешрафтаи биотехнология ва мухандисии генетики таъсир мерасонанд.
Хуччат инчунин, хамкории тарафхоро дар лоихахои муштараки тадкикоти дар сохахои афзалиятноки биотехнология, табодули олимон ва аспирантон, дар машваратхои муштарак, тачрибаомузии кутохмуддати таълими, хамкори дар сохаи интиколи технология ва савдо ва гайра танзим мекунад.
АКСХО: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон