Байни донишгохи давлатии педагогии Точикистон ба номи Садриддин Айни ва Донишгохи касбии Линьи (Чин) созишномаи хамкори ба имзо расид.
Созишнома дар Чумхурии Мардумии Чин аз чониби рохбарияти донишгохи давлатии педагогии Точикистон ва Донишгохи касбии Линьи ба имзо расидааст.

Татбики амали барои истехсоли махсулоти марбут ба техника ва технология дар донишгохи давлатии педагогии Точикистон ба номи Садриддин Айни имконият фарохам меорад.
Дар баробари ин, намояндагони Точикистон бо фаъолияти технопарк, раванди гузаронидани дарсхо, махсулоти Донишгохи касбии Линя, аз кабили роботхо, пуркунандаи барк ва дигар махсулоте, ки дар ин муассиса истехсол мешаванд, шинос шуданд.
Чонибхо вазъи кунунии тахкикоти илми, системаи маориф, робита бо муассисахои тахсилоти олии хоричаи дур ва наздик, омузиши забонхои хоричи ва иктидори илмии донишгоххоро мухокима намуданд.
Дар баробари ин, чонибхо табодули омузгорон ва донишчуён, тачрибаомузии онхо дар донишгоххои якдигар, инчунин ба рох мондани истехсоли техникаи муосир дар донишгохи давлатии педагогии Точикистон ба номи Садриддин Айниро барраси намуданд.
АКСХО: донишгохи давлатии педагогии Точикистон ба номи Садриддин Айни