Душанбе, 17 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030»-ро қабул ва татбиқ намояд.

Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, «бо назардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030»-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.Ҳамзамон вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон тадбирҳои иловагӣ андешанд».
Таъкид гардид, ки то имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкории фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025» тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Тадбирҳои амалигардида ба рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии электронии давлатӣ, содагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва болоравии фарҳанги андозсупории соҳибкорон мусоидат намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»
