Баррасии имкониятҳои  сармоягузорӣ дар   Форуми IX-уми иқтисодии Шарқӣ – ИА Караван Инфо
Баррасии имкониятҳои  сармоягузорӣ дар   Форуми IX-уми иқтисодии Шарқӣ

Муовини  якуми Кумитаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  Фаррух Юсуфзода ва муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насреддинзода   аз  3 то 5 сентябр дар Форуми IX-уми иқтисодии Шарқӣ, ки дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Дар ин бора хадамоти матуботи кумита иттилоъ дод. Дар форум  доираҳои бузурги шарикони минтақа ва ҷаҳон дар сатми иқтисодӣ ва соҳибкорони хурду миёна иштирок доштанд.

   Дар Форум ҳамкориҳои доираҳои давлатӣ ва хусусии минтақавӣ дар самтҳои саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор дода шуда, бо муаррифии зарфият ва имкониятҳои сармоягузории ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни давлату бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 

error: