Дар доираи 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ чорабинӣ дар мавзӯи “Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар коҳиш додани хатари марбут ба иншоотҳои меросӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Дар ин бора Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мавриди аҳамияти корҳои солимгардониро, ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия анҷом дода шудаанд директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода сухан кард.
Зикр гардид, ки ин кӯшишҳо саҳми муҳим дар таъмини амнияти экологӣ ва радиатсионӣ дар иншоотҳои меросӣ, ки хатари эҳтимолӣ барои саломатии аҳолӣ ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ доранд, мебошанд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни суханронии худ, Илҳом Мирсаидзода дар бораи ҳамкориҳои идомадор бо шарикони байналмилалӣ дар соҳаи коҳиши хатарҳои радиатсионӣ ва солимгардонии минтақаҳое, ки аз барномаҳои ҳастаии қаблӣ таъсир дидаанд, маълумот дод.
Ӯ ба Федератсияи Россия барои дастгирии техникӣ ва молиявӣ, ки ба таври назаррас бехатарии радиатсиониро дар як қатор объектҳои муҳими меросӣ дар Тоҷикистон беҳтар намуд, миннатдорӣ изҳор намуд.
Ин чорабинӣ коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои мухталифро гирд овард, ки онҳо тадбирҳои ҷорӣ ва ояндаро барои коҳиши хатарҳои марбут ба иншоотҳои меросӣ, инчунин роҳҳои беҳтар намудани ҳамоҳангии кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои ҳалли ин мушкилотро муҳокима карданд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ