Душанбе, 09 декабр 2025г. — ИА «Караван Инфо». Дар шаҳри Уфа дар доираи Ҳафтаи байналмилалии бизнес ҷаласаи махсуси «Перспективҳои ҳамкории Ҷумҳурии Башқирдистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мешавад, ки дар он намояндагони ҳар ду ҷониб масоили тавсеаи робитаҳои тиҷоративу саноатӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои илмӣ-инноватсионӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро дар равандҳои бизнес баррасӣ хоҳанд кард.

Тибқи иттилои Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти конгресси Ҷумҳурии Башқирдистон, Тоҷикистон имрӯз дар миёни шарикони хориҷии савдои ин минтақа дар ҷойи 15-ум қарор дорад. Дар сохтори содироти Башқирдистон маҳсулоти минералӣ (65,5%), чӯб ва маснуоти селлюлозаву қоғазӣ (24,4%), маҳсулоти саноати кимиё ва каучук (5,4%), инчунин молу маводи ғизоӣ ва ашёи хом (2,4%) ҳузури асосӣ доранд.
Корхонаҳои саноатии Башқирдистон бо ширкатиҳои тоҷикӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Аз ҷумла, ширкатҳои «Ультрадизайн» ва «Ультраплай» тахтаҳои ДСП ва ОСБ-ро ба Тоҷикистон содир менамоянд, дар ҳоле ки Корхонаи содаи Башқирдистон бикарбонати натрий, содаи кальциниршуда ва пластикатҳои кабелӣ таъмин мекунад.
Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаи бунёди Парки саноатии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе равона шудааст, ки масоҳати он 9,3 гектарро ташкил медиҳад. Дар доираи ин лоиҳа Корпоратсияи рушди Башқирдистон марҳила ба марҳила барқарорсозӣ ва навсозии биноҳои истеҳсолии паркро бо масоҳати умумии 23,5 ҳазор метри мураббаъ амалӣ намуда, ҳамзамон ҷалби резидентҳоро ба роҳ мемонад. Самтҳои афзалиятноки фаъолияти парк саноати сабук, мошинсозӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва металлургия хоҳанд буд.
Бо мақсади ҷалби бештари сармоя дар ҳудуди парки саноатӣ ҷорӣ намудани низоми имтиёздор пешбинӣ шудааст, ки тибқи он андоз аз замин, амвол ва фоида ду маротиба коҳиш меёбад ва ширкатҳо аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд.
Ғайр аз ин, тарафҳо масъалаи таъсиси маркази нақлиётӣ-логистикиро дар шаҳри Уфа баррасӣ доранд, ки вазифаи додани сертификатҳои молҳои истеҳсоли Тоҷикистонро бар ӯҳда хоҳад дошт. Ҷойгиршавии ҷуғрофии Башқирдистон дар буриши роҳҳои муҳими тиҷоратӣ ба ин минтақа имконияти табдил ёфтан ба гиреҳи муҳимми логистикии байналмилалиро фароҳам меорад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба густариши ҳамкории сайёҳӣ идома медиҳанд. Парвозҳои мунтазами Уфа — Душанбе ба афзоиши ҷараёнҳои сайёҳӣ мусоидат менамоянд, дар ҳоле ки табиат, мероси фарҳангӣ ва мавзеъҳои ҷолиби дидани ҳар ду ҷумҳурӣ заминаи мусоиди табодули байналмилалиро фароҳам меоранд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки тавсеаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Башқирдистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба рушди иқтисодӣ такони муҳим бахшад, ҷорӣ кардани технологияҳои навро ҳавасманд созад ва робитаҳои фарҳангиро байни минтақаҳо таҳким бахшад.
АКС: Хадамоти матбуоти Ҳафтаи байналмилалии бизнес — 2024
