Беслан қурбониёни ҳамларо ба ёд меорад: як дақиқаи хомӯшӣ ва роҳравии Салиб бо портретҳои кушташудагон – ИА Караван Инфо
Беслан қурбониёни ҳамларо ба ёд меорад: як дақиқаи хомӯшӣ ва роҳравии Салиб бо портретҳои кушташудагон

МОСКВА, 3 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Дар Беслан чорабиниҳои мотамӣ бахшида ба 21-солагии яке аз даҳшатноктарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи Русия ба анҷом мерасанд. Санаи 1 сентябри соли 2004 дар мактаби №1 террористон 1144 нафарро дастгир намуданд.

Се рӯз шаҳр дар интизори мӯъҷиза зиндагӣ менамуд, аммо ин рӯй надод: 334 нафар кушта шуданд, аз ҷумла кӯдакон, волидони онҳо, омӯзгорон, инчунин наҷотдиҳандагон ва ҷангиёни хадамоти махсус.

Чорабиниҳои хотиравӣ санаи 1 сентябр дар саҳни мактаб оғоз ёфт. Наздикони қурбониён ва гаравгонҳои собиқ шамъро фурӯзон намуданд, бисёриҳо бо аксхои кушташудагон омаданд.

Дар ин ҷо осорхонае кушода шуд, ки дар он ашёи кӯдакон ва калонсолоне, ки ҳаёти онҳо дар он рӯзҳои фоҷиабор қатъ шуда буд, ҷамъ оварда шудааст. Экспонатхо — аз борхалтахои мактабӣ cap карда, то либос — арзиши дахшатангези террорро ба хотир меоранд.

Имрӯз, санаи 3 сентябр, тамоми ҷумҳурӣ дар дақиқаи хомӯшӣ соати 13:05 сарашро хам мекунад. Пас аз ин, роҳравии Салиб баргузор мешавад: ҳазорон нафар портретҳои кушташудагонро мегузаронанд, то бори дигар ба ҷаҳон хотиррасон кунанд, ки ин фоҷиа чӣ гуна изи худро гузоштааст.

“Ин дард на танҳо барои оилаҳо ва наздикон аст, балки аз дили ҳазорон нафар дар саросари ҷаҳон гузаштааст. Беслан рамзи бегуноҳӣ, бераҳмии поймолшуда гардид», – қайд намуд Сарвари Осетияи Шимолӣ Сергей Меняйло.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар мактаби № 1 дар Беслан ба яке аз хунинтарин дар таърихи муосир табдил ёфтааст. Аз санаи  1 то санаи 3 сентябри соли 2004 террористон гаравгонҳоро бе об ва хӯрок нигоҳ медоштанд.

Дар натиҷаи ҳамла ва таркишҳо 334 нафар кушта ва зиёда аз 800 нафар захмӣ шуданд. Ин фоҷиа тақдири шаҳрро абадан тағйир дод ва рамзи мубориза бо терроризм дар Русия ва ҷаҳон гардид.

Аксҳо: хадамоти матбуоти раиси Осетияи Шимолӣ

error: