ОСТОНА, 24 сентябр АИ «Караван Инфо». Дар Paris Fashion Week ва Milan Fashion Week Қазоқистон лоиҳаи фарҳангии ғайриоддиро пешниҳод мекунад. Дар он 20 зани аз 60 то 74-сола, ки тавассути кастинг дар саросари кишвар интихоб шудаанд, иштирок мекунанд.
Дар подиуми ҷаҳонӣ онҳо коллексияи “Ақ маржан” – ро дар сабки миллӣ нишон медиҳанд. Муаллифи лоиҳа дизайнер Раушан Ануарбекова, узви иттифоқи дизайнерҳои Авруосиё ва академики академияи миллии дизайнерҳо мебошад, ки асарҳои ӯ дар ҳафтаҳои бузурги мӯди ҷаҳонӣ якчанд маротиба намоиш дода шудаанд.
Барои лоиҳа ин чорумин баромадан ба подиуми аврупо хоҳад буд. Имсол намоиш ба рӯзи Байналмилалии пиронсолон ва Моҳи пиронсолон, ки одатан дар Қазоқистон ҷашн гирифта мешавад, рост меояд.



Аксҳо: Вазорати Фарҳанги ҶҚ
