МОСКВА, 5 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Бонки Русия дар бораи тамдиди маҳдудиятҳои амалкунанда барои бозпас гирифтани асъори хориҷӣ барои шаш моҳи дигар хабар дод. Ҳоло онҳо то санаи 9 марти соли 2026 нигоҳ дошта мешаванд.
Хадамоти матбуоти танзимкунанда қайд намуд, ки чунин чораҳо бо таҳримҳо алайҳи Русия алоқаманданд, ки ба бонкҳои ватанӣ имкон намедиҳанд, ки аз шарикони ғарбӣ доллар ва евро харидорӣ кунанд.

Барои шаҳрвандоне, ки тосанаи 9 марти соли 2022 ҳисобҳои асъорӣ кушодаанд, имконияти гирифтани то 10 ҳазор доллар ё муодили евро нигоҳ дошта мешавад. Маблағи боқимонда танҳо бо рубл дода мешавад. Инчунин, то соли 2026 бонкҳо наметавонанд ҳангоми додани асъор аз пасандозҳо ё суратҳисобҳо комиссия ситонанд.
Ҳамин тариқ, маҳдудиятҳое, ки зиёда аз ду сол пеш ҷорӣ намуда шуда буданд, амал мекунанд ва як қисми чораҳои зиддибӯҳронӣ барои ба эътидол овардани низоми молиявӣ боқӣ мемонанд.
Маҳдудиятҳо барои гирифтани пули нақди хориҷӣ бори аввал баҳори соли 2022 пас аз ҷорӣ намудани таҳримҳои васеи ғарбӣ алайҳи Русия ҷорӣ намуда шуданд.
Аз он вақт инҷониб Бонки Русия онҳоро мунтазам тамдид мекунад ва инро бо нигоҳ доштани маҳдудиятҳои беруна ва зарурати ҳимояи бозори дохилии асъор шарҳ медиҳад.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода