Душанбе, 13 август, АИ «Караван Инфо». Хайати Бонки Миллии Точикистон бо сарварии раис Фирдавс Толибзода ба шуъбаи минтакавии Бонки Федералии Олмон – Бундесбонк дар Мюнхен ташриф оварда, бо кори маркази касса ва технологияхои муосири бонки шинос шуд.

Дар чараёни сафар, раиси Бонки Милли бо президенти бахши Баварияи Бундесбонк Рейнхолд Фолбрахт ва директори филиали мюнхен Мишел Кройссер мулокот намуд. Чониби олмон ба мехмонон системахои кокард ва интиколи пули накд, чорахои амнияти, технологияхои назорати сифати пулхо ва усулхои мубориза бо калбакиро пешниход намуд.
Фирдавс Толибзода кайд намуд, ки донишхои гирифташуда ба такмили кори Бонки Милли, хусусан дар масъалахои танзими муомилоти пули мусоидат мекунанд. Намояндагони Бундесбонк ахамияти хамкории байналмилалиро барои устувории системахои молияви таъкид намуданд.
Чонибхо омодагии худро барои рушди муносибатхои шарики ва идомаи табодули тачриба дар сохаи фаъолияти Бонкхои маркази изхор намуданд.
АКСХО: Бонки Миллии Точикистон