Москва, 23 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Бритониё ба имзои бузургтарин созишнома бо ширкати исроилии Elbit Systems ба маблаги 2,69 миллиард доллар наздик аст, менависад мачаллаи Private Eye.

Тибки шартхои шартномаи пешбинишуда, консерни мудофиавии Исроил имконият пайдо мекунад, ки хар сол такрибан 60 хазор сарбози бритониёиро таълим дихад. Дар ин холат сухан на танхо дар бораи омодагии классики, балки дар бораи чори намудани технологияхои муосир ба системаи таълими артиш меравад.
Тибки маълумоти нашрия, бахши бритониеии Elbit Systems UK метавонад макоми “шарики стратеги” – и Вазорати мудофиаи кишварро ба даст орад.
Ин икдом ба ширкат имкон медихад, ки дар ракамикунонии омодагии харби, тахия ва чори намудани симуляторхо, инчунин навсозии усулхо ва майдончахои машкхо иштирок кунад.
Интизор меравад, ки хамкори мавкеи Бритониёро дар сохаи инноватсияи мудофиави таквият дихад ва самаранокии омодасозии артишро бо таваччух ба моделхои муосири амалиети чанги баланд бардорад.
МАЪЛУМОТ: Elbit Systems бузургтарин истехсолкунандаи силох дар Исроил аст, ки бо кишвархои гарби фаъолона кор мекунад. Дар солхои охир, Лондон барои навсозии инфрасохтори низомии худ бештар ба ширкатхои хоричи мурочиат мекунад. Шартнома бо Elbit яке аз бузургтарин лоихахои мудофиавии Бритониё бо шарики хоричи хохад буд.
Аксхо: russia israel com