Сарвазири Бритониё Кир Стармер накшахои афзоиши бучаи низомии кишварро то 2,5% ММД то соли 2027 эълон намуд ва онро бузургтарин афзоиши устувори харочоти мудофиа аз замони чанги сард номид.

Стармер зарурати тахкими мудофиаро дар шароити ноустувории чахони таъкид намуд. Дар айни замон, Бритониё 2,3% ММД-и худро барои мудофиа сарф мекунад ва накшаи нав маблаггузории иловагиро дар хачми 13,4 миллиард фунт стерлинг (16,6 миллиард евро) дар як сол пешбини мекунад.
Изхорот дар арафаи сафари Стармер ба Кохи Сафед садо дод, ки дар он чо у бо президенти ИМА Доналд Трамп мулокот хохад намуд. Рахбари Амрико борхо ба самаранокии НАТО шубха намуда, кишвархои аврупоиро дар иштироки нокифоя дар таъмини амнияти дастачамъи айбдор намуд.
Маблаггузории иловагии харочоти мудофиавии Бритониё аз хисоби кохиши кумаки хоричи ба рушд аз 0,5 то 0,3 фоизи даромади милли ба накша гирифта шудааст.
Стармер изхор дошт, ки Бритониё дастгирии Украинаро идома медихад ва пешниход намуд, ки нерухои бритониёро дар хайати нерухои сулхчуён, ки оташбас бо Русияро таъмин мекунанд, фиристад. Аммо у кайд намуд, ки сулхи устувор танхо бо дастгирии фаъоли ИМА имконпазир аст.
Дар айни хол, Трамп хануз кафолати возехи кумаки низоми ба Украинаро надодааст, ки дар Аврупо нигаронкунанда аст. Сарвазири пешини Бритониё Борис Чонсон мавкеи президенти амрикоро шадидан танкид намуд ва гуфт, ки Гарб вазифадор аст Украинаро дастгири кунад.
Вай инчунин таъкид намуд, ки бидуни ягонагии Аврупо маъмурияти Трамп метавонад иттифокчиёнро чидди кабул накунад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода