МОСКВА, 19 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Бузургтарин корпоратсияхои энергетикии чахон сармоягузории фаъолро ба гази моеъ (СПГ) идома медиханд ва онро хамчун яке аз манбаъхои асосии фоида дар дахсолахои оянда мешуморанд.

Аммо, пешгуихои агентии Байналмилалии энергетики аз интизорихои корпоратсияхо фарк мекунанд. Дар гузориши World Energy Outlook-2024 гуфта мешавад, ки дар охири дахсола талаботи чахони ба газ ба “плато” хохад расид. Сабабхои ин афзоиши босуръати энергияи офтоб ва хохиши бисёр кишвархо ба “гузариши сабз” мебошад.
“Ин шарт бар зидди гузариши энергетики аст” мегуяд тахлилгари Ember Эван Грэм. Ба гуфтаи у, ба гайр аз мушкилоти экологи, хатархои геополитики низ боки мондаанд: катъи дар Агбаи Ормуз метавонад ба устувории бозор зарбаи чидди расонад.
Таваччух ба СПГ пас аз бухрон дар Аврупо ва катъи интиколи гази лула афзоиш ёфт. Дар солхои 2022-2023 кишвархои ИА хариди сузишвории гази моеъро ба таври назаррас афзоиш доданд, ки онро унсури мухими амнияти чахонии энергетики гардонид.
Аксхо: neftegaz.ru