Чабхаи умуми бар зидди тахдидхо: Дар Остона мулокоти рохбарони чузъу томхои чиноятии ВКД кишвархои ИДМ баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Чабхаи умуми бар зидди тахдидхо: Дар Остона мулокоти рохбарони чузъу томхои чиноятии ВКД кишвархои ИДМ баргузор шуд

Душанбе, 16 июн, АИ Караван Инфо. Аз санаи 12 то 14 июн дар Остона (Казокистон) чаласаи сеюми рохбарони вохидхои блоки чиноятии вазоратхои корхои дохилии давлатхои иштирокчии Иттиходи Давлатхои Мустакил баргузор гардид. Дар маркази диккати вохури масъалахои асосии таъмини амнияти минтакави мубориза бо чинояткории муташаккил, терроризм, экстремизм, гардиши гайриконунии маводи мухаддир ва инчунин киберчинояткори карор гирифтанд.

Тавре Вазорати корхои дохилии Точикистон хабар медихад, дар кори чаласа хайатхои Сохторхои хифзи хукуки Озарбойчон, Беларус, Казокистон, Киргизистон, Русия, Точикистон, Туркманистон, Узбекистон, инчунин намояндагони Бюрои хамохангсозии мубориза бо чинояткории муташаккил ва дигар намудхои хатарноки чиноятхо дар каламрави кишвархои ИДМ иштирок намуданд.

Хайати Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистонро муовини аввали Вазири корхои дохили Генерал-майори милитсия Аламшозода Абдурахмон рохбари намуд.

Дар чараёни чаласа масъалахои мубодилаи фаврии иттилоот, ошкор ва тафтиши якчояи чиноятхои вазнин, бахусус чиноятхои фаромилли барраси шуданд. Иштирокчиён зарурати муттахидсозии талошхоро барои баланд бардоштани самаранокии хамкории байналмилали ва муковимат ба мушкилоти нав таъкид намуданд.

Чонибхо инчунин ба навсозии равишхои мубориза бо тахдидхои кибери, инчунин фаъолсозии чорабинихои муштарак оид ба мубориза бо гардиши гайриконунии маводи мухаддир ва радикализм диккат доданд.

Натичахои вохури имкон медиханд, ки хамкории байни макомоти корхои дохилии кишвархои ИДМ ба таври назаррас таквият дода шавад. Амалиёти хамохангшуда ва шарикии стратеги дар мубориза бо чинояткори шароити чудонопазири нигох доштани субот, тартиботи хукуки ва оромии чамъияти дар минтака мегардад.

АКСХО: Вазорати корхои дохилии Точикистон

error: