Чаласаи Хукумати Чумхурии Точикистон – ИА Караван Инфо
Чаласаи Хукумати Чумхурии Точикистон

Санаи 27 март тахти раёсати Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат, Раиси Хукумати мамлакат Эмомали Рахмон чаласаи Хукумати Чумхурии Точикистон баргузор гардид.

Вазири рушди иктисоди ва савдо Завки Завкизода дар бораи омодагии саривактии сохахои иктисоди ва ичтимоии чумхури ба фаъолияти бефосила ва самаранок дар мавсими тирамоху зимистони солхои 2025-2026 хисобот дод.

Таъкид гардид, ки хадафи тахияи лоиха муайян намудани вазифахо ва тадбирхои вобаста ба халли масъалахои омодагии сохаи ичтимоию иктисодии чумхури ба мавсими тирамоху зимистони солхои 2025-2026 мебошад.

Сарвари давлат Эмомали Рахмон супориш доданд, ки накшаи чорабинихо оид ба татбики ин максад тасдик намуда шавад ва аз хисоби рохбарони аввалини вазорату идорахо барои фаъолияти мунтазам ситоди чумхурияви таъсис дода шавад.

Вазоратхо, идорахо ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати вазифадор намуда шуданд, ки дар бораи рафти ичрои накшаи чорабинихо дар мухлати мукарраршуда маълумот пешниход кунанд.

Эмомали Рахмон аз истифодаи гайримантикии неруи барк ва талафоти он аз меъёр зиёд дар мавсими тирамоху зимистони солхои 2024-2025 изхори нигарони намуда, ба масъулин чихати рафъи камбудихои чиддии мавчуда ва пешгирии чунин холатхо супоришхои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки барои истифодаи гайриконунии неруи барк ва пардохт нанамудани он хатто ба чавобгарии чинояти кашида шавад.

Сипас лоихахои як катор конунхои Чумхурии Точикистон, аз чумла “Дар бораи ворид намудани илова ба кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон”, “Дар бораи ворид намудани тагйирот ба Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истехсолии хатарнок” ва “Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи дорувори, молхои тибби ва фаъолияти фармасевти” тасдик гардида, барои барраси ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон фиристода шуданд.

Дар чаласаи Хукумати Чумхурии Точикистон Барномаи Миёнамухлати рушди макомоти гумруки Чумхурии Точикистон барои солхои 2025-2029 ва барномаи солимгардони, баркарорсози ва хамгироии махбусони барои чиноятхои хусусияти экстремисти ва террористи махкумшуда, барои иштирок дар задухурдхои мусаллахона ва низоъхои низоми дар каламрави кишвархои хоричи барои солхои 2025-2029, ки дар он карорхои дахлдор кабул шудаанд, барраси гардиданд.

Хисоботи шахсони масъул оид ба заминхои мавчуда, таксимоти онхо аз руи гуруххо, намудхо ва истифодабарандагони заминхои чумхури то 1 январи соли 2025 шунида шуд.

Дар анчоми чаласа Президенти мамлакат Мухтарам Эмомали Рахмон ба вазорату идорахо, ташкилотхо ва макомоти ичроияи хокимияти давлати оид ба ичрои хатми, саривакти ва босифати супоришхои Хукумати Чумхурии Точикистон дастуру супоришхои мушаххас доданд.

Хамчунин оид ба ташкили кишти саривакти ва босифати бахори, хусусан пахта ва картошка, ичрои супоришхои Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Оли, васеъ намудани кабудизоркуни ва бунёди иншоот ба ифтихори 35-солагии Истиклолияти Давлати, хусусан таъсиси муассисахои таълими ва томактаби супориш дода шуд.

АКСХО: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон

error: