Москва, 25 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири корхои хоричии Русия Сергей Лавров изхор дошт, ки президент Владимир Путин ният надорад, ки бо Владимир Зеленский танхо барои додани макоми конуни ба рахбари Украина мулокот кунад.

Ба гуфтаи у, чунин гуфтушунидхо бояд пурмазмун ва бодиккат омода намуда шаванд.
“Президенти Русия Владимир Путин омода аст бо у мулокот кунад. Аммо не, мо наметавонем танхо барои аксбардори вохурем ва ба у имконият дихем, ки конуни будани худро эълон кунад. Дар нихоят, конуният мавзуи алохида аст. Масъалаи он, ки ки хуччатро аз чониби Украина имзо мекунад, ахамияти асоси дорад”, – Гуфт Лавров дар мусохиба бо шабакаи телевизионии NBC.
Пештар Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи накшахои ташкили мулокоти Путин ва Зеленский хабар дода буд, ки пас аз он формати сечониба бо иштироки у низ метавонад баргузор шавад.
Кремл тасдик намуд, ки дар сухбати телефонии шабона Путин ва Трамп чонибдори идомаи гуфтушунидхои мустаким байни хайатхои Русия ва Украина буданд. Имконияти чалби намояндагони сатхи баландтар низ барраси намуда шуд.
Лавров таъкид намуд, ки Маскав омода аст чанбахои сиёсии халли масъаларо мухокима кунад ва дар форматхои гуногун кор кунад. Аммо, ба гуфтаи у, Киев то хол ба пешниходи Маскав дар бораи таъсиси се гурухи кори — гуманитари, низоми ва сиёси, ки хануз дар музокироти Истамбул дар соли 2022 пешбари шуда буд, посух надодааст.
Аксхо: Ian Langsdon / AP