Санаи 19 марти соли 2025 дар шахри Бостонии Хучанд мулокоти тантанавии иштирокчиёни фестивали Чахонии чавонон “Navruz Youth World Festival” баргузор гардид. Ин чорабини, ки дар калъаи таърихию фархангии Хучанд баргузор гардид, рохбарони вилояти Сугд ва шахри Хучанд, шахсони масъул ва чавонони фаъолро чамъ овард.

Дар толори бохашамати Калъаи Хучанд раиси Вилояти Сугд Рачаббой Ахмадзода ва раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиш Зулфикор Гулахмадзода бо хайати хоричи-иштирокчиёни фестивали байналмилалии чавонон мулокот намуда, онхоро дар сарзамини офтобии Точикистон самимона истикбол гирифтанд. Раиси вилоят чавононро бо чашни Навруз табрик гуфта, аз сафари онхо ба яке аз кадимтарин марказхои фархангии мамлакат изхори шодии самими намуд.
Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиш ба макомоти Ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд барои мусоидати фаъол дар ташкили фестивали Чахонии чавонон “Navruz Youth World Festival” изхори сипос намуда, хостори баргузории бомуваффакияти чорабини гардид. Дар рафти маросим рохбарони хайатхои кишвархои иштирокчии фестивал низ суханрони намуда, ба Хукумати Чумхурии Точикистон барои фарохам овардани чунин фазои дустона ва идона изхори сипос намуданд.
Иштироки намояндагони кишвархои гуногун ахамияти Наврузро хамчун чашни байналмилалии сулх, дусти ва вахдат таъкид мекунад. Фестивал на танхо барои чавонони точик як руйдоди мухим, балки барои хамаи иштирокчиёни он имконияти арзишманд барои баркарор намудани робитахои нави байналмилали ва мубодилаи донишу тачрибаи худ гардид.
АКСХО: Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон