Чавонони Точикистон дар форуми ЭКО: иклим, навовари ва ояндаи рушди устувор – ИА Караван Инфо
Чавонони Точикистон дар форуми ЭКО: иклим, навовари ва ояндаи рушди устувор

Душанбе, 02 июл, – АИ «Караван инфо». Дар шахри Агдам (Озарбойчон) 1-уми июл Форуми Чавонони Созмони хамкории иктисоди (ЭКО) тахти шиори “Тахкими накши чавонон дар ташаккули иклими устувор ва фазои оянда” баргузор шуд. Дар чорабини намояндагони Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон иштирок намуданд.

Дар форум масъалахои асосии устувории экологи, тагйирёбии раками, рушди иктисоди сабз ва технологияхои инноватсиони мухокима намуда шуданд.

Хайати Точикистон дар бораи сахми чавонони точик дар хифзи иклим, гузариш ба иктисоди сабзу раками, рушди энергетикаи сабз ва тахкими муколамаи фарханги миёни кишвархои аъзои ЭКО гузориш дод.

Таъкид гардид, ки Точикистон дар се дахсолаи охир ташаббусхои байналмилалиро дар сохаи захирахои об, хифзи иклим, хифзи пиряххо, инчунин рушди технологияхои раками ва инноватсия фаъолона пеш мебарад. Иштирокчиёни форум муносибати устувори кишварро ба халли масъалахои экологи баланд арзёби намуданд.

Дар чаласахои панелии форум мавзуъхои паст намудани сатхи ифлосшавии мухити зист, баланд бардоштани саводнокии экологии чавонон, табодули карорхои инноватсиони дар шароити тагйирёбии иклим, густариши хамкории байналмилалии чавонон барраси шуданд.

Форум барои ташаккули рузномаи чавонони рушди устувор дар минтакаи ЭКО ва тахкими робитахои байни рохбарони чавони кишвархои иштирокчи майдони мухим гардид.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: