Чин назорати содиротии металлҳои нодирро тақвият дод: маҳдудиятҳо ба технология ва нимноқилҳо таъсир мерасонанд – ИА Караван Инфо
Чин назорати содиротии металлҳои нодирро тақвият дод: маҳдудиятҳо ба технология ва нимноқилҳо таъсир мерасонанд

МОСКВА, 09 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Пекин чораҳои назорати содироти металлҳои нодир ва технологияҳои алоқамандро сахттар намуд. Ҳуҷҷатҳои дахлдор аз ҷониби Вазорати тиҷорати ҶХХ нашр шудаанд.

Ҳоло ширкатҳои хориҷӣ ва шахсони алоҳида вазифадоранд, ки барои содироти молҳои дуҷониба, ки бо унсурҳои нодири замин алоқаманданд, иҷозатномаҳои махсус гиранд. Содирот манъ намуда мешавад, агар хатари истифодаи маҳсулот барои таҳия ё истеҳсоли силоҳи қатли ом бо мақсадҳои террористӣ ё низомӣ вуҷуд дошта бошад.

Ғайр аз он, ба таъминоти марбут ба технологияҳои баланд диққати махсус дода мешавад. Ҳамин тавр, дархостҳо барои содироти мавод ва таҷҳизот барои истеҳсоли чипҳо бо раванди 14 нанометр ва поёнтар, чипҳои хотира бо зиёда аз 256 қабат, инчунин системаҳои зеҳни сунъӣ бо истифодаи эҳтимолии ҳарбӣ ба таври инфиродӣ баррасӣ намуда мешаванд.

Мақомоти ҶХХ инчунин содироти технологияҳои истихроҷ, гудозиш ва коркарди металлҳои нодири заминиро, аз ҷумла истеҳсоли маводи магнитӣ ва истифодаи дуюми захираҳоро бе иҷозат манъ намуданд.

Тавре, ки вазорат қайд намуд, ин тадбирҳо ба ҳифзи амнияти миллӣ ва пешгирии интиқоли технологияҳои чинӣ барои мақсадҳои низомӣ ба хориҷа нигаронида шудаанд. “Назорати содиротӣ таҷрибаи умумиқабулшудаи байналмилалӣ аст”, – таъкид намуданд дар идора.

Металлҳои нодири замин, ки шумораи онҳо 17 унсурро ташкил медиҳад, дар электроника, саноати мудофиа ва истеҳсоли смартфонҳо истифода мешаванд. Тибқи маълумоти гумруки ҶХХ, дар нимсолаи аввали соли 2025 содироти металлҳои нодир 11,9% афзоиш ёфта, 32,5 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Аксҳо: Habr

error: