Чинояткори фирори Мухаммад Амра ба Фаронса истирдод намуда шуд – ИА Караван Инфо
Чинояткори фирори Мухаммад Амра ба Фаронса истирдод намуда шуд

Фаронса чинояткори фирори Мухаммад Амрро, ки бо лакаби Муха маъруф аст, ба ихтиёри худ гирифт. Истирдоди у аз Руминия чустучуи байналмилалии нухмохаро аз тарики Интерпол ба анчом расонид.

Амра бахори соли 2024 хангоми хамла ба корвони зиндони дар Нормандия фирор намуд. Он гох шарикони у ду посбонро кушта, се нафарро захми намуданд. Пас аз фирор, беш аз 300 муфаттиш ба чустучуи у хамрох шуданд.

Боздошти чинояткор рузи истирохати гузашта дар назди Маркази Савдои Бухарест сурат гирифт. Барои пинхон шудан, Амра намуди зохирии худро тагйир дод у муйхои худро сурх ранг намуд. Шаш мох у дар манзили ичора дар шимоли пойтахти руминия зиндаги менамуд.

Рузи якшанбе додгохи Шикоятии Бухарест истирдоди уро тасдик намуд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон боздошти Амраро “муваффакияти бузург” номид. Дар айни замон, адвокати у Мария Марку изхор дошт, ки химоятгари у бегунохии худро исрор мекунад ва ният дорад, ки харчи зудтар дар назди суди Фаронса хозир шавад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: