Дар Пойтахти Точикистон Чоизаи Раиси шахри Душанбе барои мухаккикони чавон таъсис дода шуд. Чоиза барои дастгирии чавонони болаёкат, ки бо тахкикоти илми, эчодкори ва инноватсия машгуланд, пешбини шудааст.
Чоиза бо максади эътирофи хидматхои мухаккикони чавон, дастгири ва хавасмандгардонии иктидори илми ва эчодии онхо, рушди инноватсия ва ихтироот дар сохахои гуногун таъсис дода шудааст.

Чоизаи Раиси шахри Душанбе на танхо эътирофи дастовардхои истеъдодхои чавон, балки хавасмандгардонии рушди минбаъдаи иктидори онхо мебошад. Он ба афзоиши таваччухи чавонон ба илм, санъат ва инноватсия, фарохам овардани шароит барои татбики гояхои эчоди ва илми, тахкими имичи Душанбе хамчун шахре, ки истеъдодхои чавонро дастгири мекунад, мусоидат мекунад.
Чоиза ба мухаккикони чавон дар сохахои зерин дода мешавад:
1. Илмхои дакик – фаъолияти илми-эчоди дар сохаи илмхои табии, дакик ва математики.
2. Адабиёт – асархои илми, бадеи ва адаби, аз чумла шеър.
3. Журналистика – маколахо, маводхои иттилооти, барномахои телевизиони ва радиои, гузоришхо (ба маводхое, ки ба татбики сиёсати давлатии чавонон бахшида шудаанд, афзалият дода мешавад).
4. Санъат – санъати овози ва ракси, дизайн, махорати сахна, санъати тасвири (портретхо, манзарахо, ороишхо ва гайра).
5. Меъмори – лоихахое, ки ба сохтмони богхо, гулгаштхо, марказхои чавонон, чашмахо, майдончахои варзиши ва дигар иншоотхое, ки ба шароити шахри Душанбе чавобгу мебошанд, равона намуда шудаанд.
6. Техника ва технология такмили тачхизот, сохторхои сохтмони, сарфаи энергия, барномасози, таъсиси пойгохи додахои иттилооти (ба лоихахо дар сохаи чавонон диккати махсус дода мешавад).
7. Инноватсия ва ихтироъкори тахия ва чори намудани технологияхои нав, ки ба рушди иктидори инсони, инфрасохтор, экология, маориф ва илм мусоидат мекунанд.
Барои иштирок дар озмун бояд то 31 марти соли 2025, соати 17:00 мурочиат намуд. Хуччатхо дар сурогаи: шахри Душанбе, хиёбони Рудаки, 40 (Раёсати кор бо чавонон ва варзиши шахри Душанбе) кабул намуда мешаванд.
АКСХО: Раёсати чавонон ва варзиши Шахри Душанбе