Москва, 27 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Санаи 27 июли соли 2025 аз рузи имзои Эъломияи дустии абади, иттифок ва шарикии байни Федератсияи Русия ва Чумхурии Киргизистон 25 сол пур шуд.
Ин санад барои рушди устувори муносибатхои байнидавлати дар мархилаи нави таърихи асос гардид ва хамкории стратегии ду кишварро таквият дод.

Ба муносибати чашни солгард байни рохбарони давлатхо табодули паёмхои табрики сурат гирифт.
Президенти Русия Владимир Путин таъкид намуд, ки имзои Эъломия як мархилаи мухим буд, ки барои хамкори дар самтхои калиди аз иктисоди то гуманитари заминаи устувор гузошт.
Дар навбати худ, Президенти Киргизистон Садир Жапаров ахамияти ин созишномаро барои тахкими эътимод байни халкхо кайд намуд.
Раисони идорахои сиёсати хоричи низ бо изхороти расми баромад намуданд. Вазири корхои хоричии ФР Сергей Лавров робитаи таърихии бисёрсолаи ду кишвар ва Пирузии муштаракро дар Чанги Бузурги Ватани хамчун кисми мухими мероси умуми махсус таъкид намуд.
Ба гуфтаи у, шарикии русия ва киргизистон имруз доираи васеи хамкорихоро фаро мегирад – аз хамкори дар доираи ИИАО ва СААД то хамохангсози оид ба масъалахои амнияти минтакави.
Дар давоми 25 сол иттифоки Москва ва Бишкек аз ниятхои эълони то лоихахои вокеи дар иктисодиёт, маориф, энергетика ва сохаи мухочират рохро тай намуд. Ин чашн на танхо барои чамъбаст, балки барои нишон додани нуктахои нави рушд дар муносибатхои ду кишвар сабаб шуд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Кремл