Дар Қазоқистон аз 1-уми апрел иҷозатномаҳо барои лагерҳои кӯдакон ҷорӣ намуда мешаванд
Остона, 02 январи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Аз 1 апрели соли 2026 дар Қазоқистон иҷозатномадиҳии фаъолияти лагерҳои кӯдакона ҷорӣ намуда мешавад. Қонуни дахлдорро президент имзо намуд.

Мӯҳлати иҷозатномаи махсус панҷ солро ташкил медиҳад. Пештар иҷозатнома бояд ҳар сол тамдид намуда мешуд.
Тавре, ки Вазорати маориф шарҳ дод, ин ба кам намудани бори маъмурӣ ба ташкилотҳо, инчунин баланд бардоштани сифат ва эътимоднокии хидматҳо мусоидат мекунад.
Талаботи ягона ба шароити истироҳат, таълим ва солимгардонии кӯдакон дар лагерҳои статсионарии солона ва мавсимӣ муқаррар намуда мешавад.
Аксҳо: freepik/pvproductions
