Дар Қазоқистон барои дропперӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ намуда шудааст
Остона, 17 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Аз 16 сентябри соли 2025 ба Кодекси Ҷиноятии Қазоқистон моддаи нави 232-1 ворид намуда шуд, ки барои дропперӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар мекунад.

Зери калимаи дропперӣ, додани ғайриқонунӣ ё ба даст овардани дастрасӣ ба суратҳисобҳои бонкӣ ва воситаҳои пардохт, инчунин пардохтҳои ғайриқонунӣ барои мукофот ба манфиати шахсони сеюм фаҳмида мешавад.
Ин падида унсури калидии схемаҳои қаллобии интернетӣ мебошад, ки барои гирифтани маблағҳои дуздидашуда истифода мешавад. Моддаи нав ҷазоро аз ҷарима то 7 соли маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи молу мулк, вобаста ба вазнинии ҷиноят пешбинӣ мекунад.
Сурат: ВКД ҶҚ