Дар Қазоқистон корхонаҳои истифодаи энергетикии партовҳо дар Остона ва Шимкент сохта мешаванд
Остона, 3 ноябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Вазорати экология ва захираҳои табиии ҶҚ барои сохтмони корхонаҳои истифодаи энергетикии партовҳо дар Остона ва Шимкент созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонид. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 148,3 миллиард тенгеро ташкил медиҳад.

Дар Остона корхонаи дорои иқтидори 1500 тонна партовҳо дар як шабонарӯз бо сармоягузории 94,4 миллиард тенге сохта мешавад. Дар Шимкент -корхона бо иқтидори 1 000 тонна дар як шабонарӯз бо сармоягузории 53,9 миллиард тенге. Лоиҳаҳо дар тӯли сохтмон зиёда аз 550 ҷойҳои корӣ ва тақрибан 200 ҷойҳои кории доимӣ эҷод мекунанд.
Аксҳо: Вазорати Экология ва захираҳои табиии ҶҚ
