ОСТОНА, 8 январ АИ «Караван Инфо». Аз 31-уми декабри соли 2025 дар Қазоқистон қоидаҳои нави тақсимоти квотаҳо барои содироти гӯшти гов ба кишварҳои сеюм ва давлатҳои ИИАО амал мекунанд. Маҳдудиятҳо то 30-юми июни соли 2026 татбиқ намуда мешаванд.

Ҳаҷми умумии квотаи содиротӣ барои гӯшти чорво дар сатҳи 20 ҳазор тонна муқаррар намуда шудааст. Андозаи квота барои ҳар як иштирокчӣ аз қувваи майдони бордоркунии он вобаста аст. Ҳамин тавр, корхонаҳое, ки аз 5 ҳазор сар мол доранд, метавонанд то 1 ҳазор тонна гӯшт, аз 10 ҳазор сар то 2 ҳазор тонна, аз 15 ҳазор то 3 ҳазор тонна, аз 20 ҳазор то 4 ҳазор тонна содирот кунанд. Майдончаҳои калонтарин бо шумораи аз 50 ҳазор сар ҳуқуқи содироти то 10 ҳазор тонна маҳсулотро ба даст меоранд.
Квотаҳо ба корхонаҳои коркарди гӯшт бо шарти истифодаи саршумори чорво аз майдончаҳои бордоркунии худ дода мешаванд. Тадбирҳои нав барои ба тартиб даровардани содирот ва устувор нигоҳ доштани бозори дохилии гӯшт равона карда шудаанд.
Сурат: ВК ҶҚ
