Дар Қазоқистон стандарти миллии маводи зидди ях барои маҳалҳои аҳолинишин таҳия намуда шуд – ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон стандарти миллии маводи зидди ях барои маҳалҳои аҳолинишин таҳия намуда шуд

Остона, 7 ноябри соли 2025-АИ «Караван Инфо». Институти илмӣ-тадқиқотии роҳҳои қазоқистон стандарти миллии маводи зидди яхро барои истифода дар маҳалҳои аҳолинишин таҳия намудааст. Ҳуҷҷат талаботро ба реактивҳои барои муҳити шаҳр бехатар муқаррар мекунад.

Стандартҳои нав намудҳо ва хосиятҳои иҷозатдодашудаи маводи зидди яхро муайян мекунанд, ки истифодаи намаки оширо, ки бо кодекси Экологӣ дар доираи маҳалҳои аҳолинишин манъ намуда шудааст, истисно мекунанд. Ҳуҷҷат дар асоси таҳлили таҷрибаҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи нигоҳдории зимистонаи роҳҳо дар Қазоқистон таҳия шудааст.

Аксҳо: Вазорати нақлиёти ҶҚ

error: