Дар Қазоқистон тибби ҳастаиро барои фарогирии пурраи онкобеморон таҳия мекунанд – ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон тибби ҳастаиро барои фарогирии пурраи онкобеморон таҳия мекунанд

Остона, 1 октябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Вазорати тандурустии Қазоқистон харитаи Роҳро оид ба рушди тибби ҳастаӣ пешниҳод намуд, ки самти асосии навсозии хадамоти онкологӣ мебошад. То соли 2028 ба 100% фарогирии беморони саратон бо ташхиси ПЭТ/КТ ва васеъ намудани дастрасӣ ба терапияи радионуклидӣ ба нақша гирифта шудааст.

Маркази миллии илмии онкологӣ дар ҳамкорӣ бо МАГАТЭ ҳамоҳангсозии рушди тибби ҳастаиро ба ӯҳда мегирад. Инчунин тайёр намудани кадрҳои махсус – табибон, физикҳо, химикҳо ва технологҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сифати нигоҳубини саратон, кам намудани хароҷоти буҷет барои табобати марҳилаҳои охири саратон ва мустаҳкам намудани мавқеи Қазоқистон ҳамчун пешвои минтақавӣ дар соҳаи тибби ҳастаӣ имкон медиҳанд.

Аксҳо: Вазорати Тандурустии ҶҚ

error: