Дар Қазоқистон вебинар оид ба андози карбони ИА барои содиркунандагони қазоқистон баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон вебинар оид ба андози карбони ИА барои содиркунандагони қазоқистон баргузор шуд

Остона, 1 октябри соли 2025 АИ «Караван инфо». ҶС “QazTrade” дар якҷоягӣ бо Вазорати савдо ва ҳамгироӣ ва маркази байналмилалии савдо вебинареро дар бораи механизми ислоҳии Карбонии Сарҳадии ИА (CBAM) баргузор намуд. Чорабинии дар доираи лоиҳаи Ready4trade Central Asia ташкилшуда ба талаботи CBAM ва оқибатҳои он барои соҳаи алюминий ва дигар бахшҳои афзалиятноки Қазоқистон равона намуда шуд.

Муовини директори Генералии ҶС “QazTrade” Нурлан Кулбатиров таъкид намуд, ки мутобиқ шудан ба CBAM вазифаи таъхирнопазир аст. Вай қайд намуд, ки қоидаҳои нав метавонанд навсозии истеҳсолотро ҳавасманд кунанд ва мавқеи Қазоқистонро дар бозори аврупо мустаҳкам намоянд.

Иттиҳоди аврупо бузургтарин шарики тиҷоратии Қазоқистон боқӣ мемонад, ки дар соли 2024 37% тамоми содироти кишварро ташкил дод. Соҳаҳои алюминий, нуриҳо ва оҳан махсусан ба CBAM ҳассос мебошанд. Масалан, соли 2024 содироти алюминий ба ИА беш аз 225 миллион долларро ташкил дод.

Тибқи маълумоти комиссияи Аврупо, дар Воридоти ИА аз Қазоқистон шаш категорияи молҳо ба CBAM ҳассостаранд. Ҳаҷми калонтарини интиқол сӯзишворӣ ва маҳсулоти минералӣ (беш аз 95% воридот ба ИА) мебошад, ки ба сиесати иқлим бештар таъсир мерасонанд.

Дар зери танзими CBAM:

• Металлҳои ранга (алюминий): таҳвил дар соли 2024 410 миллион евроро ташкил дод, ки коҳиши шадидро нишон дод.

• Оҳан ва пӯлод: содирот дар соли 2024 27,1% коҳиш ёфт.

Сурат: МТИ ҶҚ

error: