МОСКВА, 07 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазорати иттилооти Беларус руйхати китобхои манъшударо васеъ намуд.
Дар руйхат 31 асари нав, аз чумла китобхои маъруфи муаллифон, ба монанди Чак Паланик, Рю Мураками ва Донна Тартт дохил намуда шудаанд. Холо дар руйхат аллакай 141 ном мавчуд аст.

Аз чумла, “Колибелная” ва “Невидимки” Паланика, “Экстаз” ва “Топаз” Мураками, инчунин “Таърихи Махфи” Тартт, барандаи чоизаи Пулитсер, манъ намуда шуданд. Вазорат мегуяд, ки ин китобхо “метавонанд ба манфиатхои миллии кишвар зарар расонанд”.
Вазорат инчунин пахнкунандагони махсулоти чопиро огох намуд: агар нашрияхои руйхати манъшуда дар фуруш пайдо шаванд, бакайдгирии онхо хамчун фурушандагон метавонад бекор намуда шавад.
Аз соли 2022 дар Беларус амалияи басташави ва манъи адабиёт амал мекунад, ки ба андешаи макомот, изхороти экстремисти дорад, эътибори давлатро зери по мезанад ё “ба арзишхои анъанави мухолиф аст”.
Пештар ба руйхати сиёх аллакай асархои Виктор Пелевин, Салмон Рушди ва Стивен Кинг дохил шуда буданд. Мунаккидон инро хамла ба озодии сухан ва фарханг меноманд.
Аксхо: ТАСС