Дар Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои кормандони бонкҳои марказии кишварҳои АвруОсиё баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Дар Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои кормандони бонкҳои марказии кишварҳои АвруОсиё баргузор гардид

Душанбе, 30 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон 28 сентябр семинари омӯзишӣ барои кормандони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои узви Шурои бонкҳои марказии АвруОсиё баргузор шуд. Мавзӯи чорабинӣ «Маблағгузории шарикӣ (бонкдории исломӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон» интихоб гардида буд, иттилоъ доданд дар Бонки миллӣ.

Дар семинар намояндагони бонкҳои марказии Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок карданд. Илова бар ин, зиёда аз 250 нафар мутахассисони кишварҳои АвруОсиё ба чорабинӣ тариқи фосилавӣ пайвастанд.

Дар ҷараёни омӯзиш ба иштирокдорон доир ба асосҳои маблағгузории исломӣ, заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ, таърихи татбиқи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин нақши стандартҳои байналмилалии Шӯрои хизматрасониҳои молиявии исломӣ (IFSB) ва Ташкилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) муаррифӣ карда шуд.

Иштирокдорони семинар таъкид намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ба таҳкими ҳамкориҳои мақомоти танзим ва назорати бонкӣ миёни давлатҳо саҳми назаррас мегузорад.

Акс: Бонки миллии Тоҷикистон

error: