Москва, 12 июли соли 2025 «АИ Караван Инфо». Дар Сан-Паулу эътирозгарон дар посух ба бочхои нави тичоратии эълоншудаи ИМА Доналд Трампро сузонданд.

Иттифокхои касабаи махалли, сиёсатмадорони чапгаро ва фаъолон бо ин рох бо карори Вашингтон дар бораи чори намудани 50% тариф барои тамоми содироти бразилия аз санаи 1 август рози набуданд.
Эълони бочхои нав дар шабакаи ичтимоии Президенти собики ИМА Доналд Трамп — Truth Social пайдо шуд. Ин тарифхо ба тадбирхои мавчуда илова намуда шуданд ва расман хамчун посух ба таъкиби президенти Собики Бразилия Жаир Болсонаро, ки дар кушиши табаддулот айбдор мешавад, муаррифи намуда шуданд.
Каблан Трамп бочхои шабехро барои кишвархои БРИКС ва як катор шарикони асосии тичоратии ИМА эълон намуда буд. Конгресси ИМА инчунин пешниходи чори намудани 500% бочи нафту урани русияро барраси мекунад.
Президенти Бразилия Лула Да Силва ваъда дод, ки дар посух чорахои оинави меандешад ва хотиррасон намуд, ки дар 15 соли охир ИМА аз тичорат бо Бразилия такрибан 410 миллиард доллар ба даст овардааст. “Биёед фишорро кабул накунем-мо кишвари сохибихтиёр хастем”, – таъкид намуд Лула.
Муковимати тичоратии Вашингтон ва Бразилия дар пасманзари дигаргунихои чахонии иктисоди ва сиёси шадидтар шуда, танишхои афзояндаи байни ИМА ва кишвархоеро, ки мехоханд дар тичорати байналмилали истиклолияти бештар ба даст оранд, инъикос мекунад.
Аксхо: Getty images / alliance picture / Allison Sales