Дар шахри уолсолли Бритониё ба канал моддахои кимиёви ворид мешаванд. Макомоти махалли Дар шабакаи ичтимоии X гузориш доданд, ки об дар канал барои таркиби захри сианиди натрий ва дигар моддахои кимиёви санчида мешавад.

“Резиши кимиёви дар канали Уолсолл хамчун як ходисаи бузург арзёби мешавад. Мо тасдик мекунем, ки агентии хифзи мухити зист режими тафтишро барои санчиши об барои таркиби сианиди натрий ва дигар кимиёви тахия намудааст” гуфт маъмурияти шахр.
Гуфта мешавад, ки ин ходиса аз “иншоот” рух додааст, аммо чузъиёти иловаги хануз пешниход нашудаанд. Дар айни замон тафтиши ходиса идома дорад.
Макомот аз сокинони махалли даъват намуданд, ки аз минтакаи канал ва минтакахои атрофи он канорагири кунанд ва дар сурати бад шудани вазъи саломати пас аз тамос бо об фавран ба духтур мурочиат кунанд.
Тибки иттилои шурои махалли, барои кам намудани таъсири эхтимоли ба мухити зист ва саломатии ахоли чорахо андешида мешаванд.
Аксхо: Pixabay.com/designerpoint