Дар Бритониё пас аз хамла ба студияи ракси нооромихо идома доранд – ИА Караван Инфо
Дар Бритониё пас аз хамла ба студияи ракси нооромихо идома доранд

Нооромихои оммави дар шахрхои Бритониё пас аз хамла ба студияи раксии кудакон дар Саутпорт хафтаи гузашта идома доранд, ки дар натича се духтар кушта ва дах нафари дигар, аз чумла хашт кудак мачрух шуданд. Шурои миллии сардорони полис хабар дод, ки 378 нафар боздошт шудаанд ва ин шумора афзоиш меёбад, зеро полис иштирокчиёни бетартибихоро муайян ва боздошт мекунад.

Аксхо: Christopher Furlong / Getty Images

Дар посух ба бетартибихо, хукумат мачлиси кумитаи Холатхои фавкулодаи “Кобра” – ро баргузор намуд, ки дар он таъсиси полиси доимии мутахассисон барои мубориза бо чунин ходисахо мувофика намуда шуд. Сарвазир Кир Стармер таъкид намуд, ки конун хам онлайн ва хам офлайн татбик намуда мешавад ва хамаи гунахкорон “тамоми кудрати конунро эхсос хоханд намуд”. Вазири корхои дохили Иветт Купер кайд намуд, ки шабакахои ичтимои ба пахн намудани маълумоти бардуруг ва зуровари мусоидат мекунанд ва ширкатхои васоити ахбори ичтимои бояд масъулиятро ба душ гиранд.

Шаби якшанбе дар Ротерхам эътирозгарон ба мехмонхонае, ки дар он панохчуён чойгир буданд, хамла намуда, тирезахоро шикаста, зарфхои партовро оташ заданд. Дах корманди полис захми шуданд. Дар Тамворт ва Мидлсбро эътирозгарон низ бетартиби намуда, бинохо ва мошинхоро вайрон намуданд. Дар Болтон эътирозхои осоишта ба бархурд бо полис табдил ёфтанд. Дар посух, полис ваколатхои иловаги, аз чумла хукуки боздоштан ва тафтиши шахрвандонро гирифт.

Эътирозхо инчунин, аз мушкилоти ичтимои ва иктисоди ба вучуд омадаанд. Рохбари хизби “Реформа” Найчел Фарач кайд намуд, ки мухочирати оммави ба тафрика дар чомеа оварда расонд ва даъват ба мухокимаи ошкоро намуд. Вазири корхои дохили Иветт Купер таъкид намуд, ки дар холе ки бисёрихо дар бораи чинояткори ва мухочират нигарони доранд, зуровари ва харобкори кобили кабул нестанд.

Хукумати Бритониё барои ба эътидол овардани вазъ чорахо меандешад, аз чумла баррасии босуръати парвандахо дар судхо ва чалби кормандони иловагии полис.

error: