Дар Челябинск менечерони ширкати «Макфа» бо иттихоми ришваситони боздошт шуданд – ИА Караван Инфо
Дар Челябинск менечерони ширкати «Макфа» бо иттихоми ришваситони боздошт шуданд

Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти се рахбари ширкати “Макфа” бо иттихоми кушиши ришваситони дар хачми махсусан калон хабар дод.

«Нисбати директори махсулоттайёркуни ва таъминот, сардори хадамоти хариди галла ва мудири хадамоти хариди галла парвандаи чинояти боз шудааст. Ду нафари аввал дар касди гирифтани пора ва сеюми дар миёнарави дар ришвахори гумонбар мешаванд», – гуфтанд дар Кумитаи тафтишот.

Тибки тафтишот, гумонбаршудагон аз 1 сентябри соли 2024 то 27 феврали соли 2025 касд доштанд, ки барои имзои карордодхо барои интиколи гандум 16 миллион рубл гиранд. Онхо хангоми супоридани миллион рубли аввал боздошт шуданд. Холо масъалаи пешниходи айб ва интихоби чораи пешгирикунанда хал мешавад.

Каблан, мохи майи соли 2024 додгох дар пайи даъвои Додситонии кулл амволи ширкатро ба даромади давлат табдил дод. Мохи январи соли 2025 додгох низ аз сохибони собики Макфа такрибан 20 миллиард рубл ситонид.

Сурат: аз манбаъхои кушода

error: