Москва, 29 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Дар шахри Юэян (провинсияи Хунан)-и Чин аввалин институти илми-тадкикотии барбекю дар кишвар пайдо мешавад. Дар ин бора China daily хабар медихад.

Лоиха дар якчояги аз чониби донишгохи Кушодаи Юэян ва Ассотсиатсияи махаллии барбекю амали намуда мешавад.
Институти оянда майдончаи омузиши фарханги тайёр намудани сихкабоб, тахияи технологияхо ва стандартхои нав дар ин сохаи гастрономи хохад буд.
Илова бар ин, муассиса ба тайёр намудани кадрхои касби ва пешбурди брендхои махаллии марбут ба таомхои юэян машгул хохад шуд.
Ифтитохи чунин марказ тасодуфи нест – анъанаи минтакавии барбекюи Кучаги дар Юэян кайхо дар Саросари Чин маъруфият пайдо намудааст.
Макомот умедворанд, ки институти нав ба сатхи нави гастрономияи махалли кумак мекунад ва мавкеи Хунанро хамчун минтакаи кулинари таквият медихад.
Аксхо аз манбаъхои кушода