Дар доираи лоихаи минтакавии CASA-1000 сохтмони истгохи конвертории иктидори 1300 мегаватт ба анчом расид – ИА Караван Инфо
Дар доираи лоихаи минтакавии CASA-1000 сохтмони истгохи конвертории иктидори 1300 мегаватт ба анчом расид

Дар доираи лоихаи минтакавии хатти интиколи барки CASA-1000 дар нохияи Кушониёни Вилояти Хатлон сохтмони истгохи конвертории иктидори 1300 мегаватт ба анчом расид.

Иншоот дар майдони 43 гектар пахн шуда, тачхизоти асоси дар 25 гектар чойгир намуда шудааст. Стансия аз мархилаи озмоишхои техники бомуваффакият гузашт. Иншоот бо истифода аз технологияхои пешрафтаи чахони сохта шудааст, ки имкон медихад интиколи неруи барк байни Осиёи Маркази ва Чануби самаранок ва бо талафоти хадди акал амали намуда шавад.

Лоихаи “CASA-1000” аввалин ташаббуси бузурги энергетики мебошад, ки ду минтакаи мухими стратеги — Осиёи Маркази ва Чанубиро муттахид мекунад.

Илова бар ин, ин лоиха на танхо ба рушди инфрасохтори энергетикии Точикистон мусоидат мекунад, балки дар таъмини суботи системаи Энергетикии Осиёи Маркази ва Чануби низ накши мухим дорад.

Татбики лоихаи “CASA-1000 ” шаходати равшани сахми Точикистон дар рушди иктисоди “сабз” ва гузариш ба манбаъхои баркароршавандаи энергия мебошад.

Точикистон бо истифода аз иктидори гидроэнергетикии худ на танхо дар таъмини бозори минтакавии неруи барк сахм мегузорад, балки мавкеи худро хамчун яке аз таъминкунандагони асосии энергияи тоза дар Осиё мустахкам менамояд.

Аксхо: Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон

error: