Донишгохи байналмилалии сайёхи ва сохибкории Точикистон соли 2024 бо 54 корхона ва ташкилотхои истехсоли ва хидматрасонии ватани ва хоричи барои чалби донишчуён ба тачрибаомузи созишномаи нави хамкори ба имзо расонид. Дар ин бора рузи 5 январ ректори донишгохи Байналмилалии сайёхи ва сохибкории Точикистон Убайдулло Асрорзода ба хабарнигорон хабар дод.

Барои таъмини хамгироии байналмилалии раванди таълим дар донишгох бо чалби омузгорон, олимон ва коршиносони пешбари хоричи, аз чумла аз Муассисахои таълимию илмии Британияи Кабир, Хиндустон, Индонезия, Нидерландия, Малайзия, Чин, Олмон, Русия, Казокистон ва Узбекистон зиёда аз 150 маърузахои виртуали, машваратхо, сессияхои шабакави ва озмунхои таълими гузаронида шуданд.
Бо максади ичрои дастуру супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дар самти баланд бардоштани сатхи хизматрасони пойгохи моддию техникии озмоишгоххои донишгох бо тачхизоти муосири техники мучаххаз гардонида шуда, зиёда аз 120 донишчу бо омузиши ройгони “Фарханги мехмоннавози” фаро гирифта шуданд. Донишчуёни зерин ба чорабинихои гуногуни сатхи милли ва байналмилали хамчун провайдерхои хидматрасон чалб намуда мешаванд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода