МОСКВА, 24 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Русия лоиҳаи қонуни нав таҳия намуда мешавад, ки бояд қоидаҳои кор дар бозори рекламаро тағйир диҳад. Дар ин бора муовини аввали раиси кумитаи Думаи Давлатӣ Оид ба сиёсати иттилоотӣ Антон Горелкин дар форуми интернетии Русия (РИФ-2025) хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин санад идомаи мантиқии қонуни аллакай қабулшуда дар бораи ширкатҳои тадқиқотӣ хоҳад буд.
Ин қонун ба ташкилотҳое, ки зиёда аз 20% иштироки хориҷӣ доранд, гузаронидани таҳқиқоти бозорҳои молиро дар кишвар манъ мекунад. Ҳоло чунин маҳдудиятҳо дар соҳаи реклама низ пешниҳод намуда мешаванд.
“Агар ин тавр набошад, бозигарони хориҷӣ хариди маълумоти маркетингиро идома медиҳанд ва маълумоти муҳим берун аз кишвар дастрас боқӣ мемонад” гуфт Горелкин.
Лоиҳаи қонун дар ҳоли таҳия аст. Ба гуфтаи вакил, онро то охири даъвати кунунии Думаи Давлатӣ қабул намуданӣ ҳастанд.
Моҳи майи соли 2024 қонуне қабул шуд, ки ба ширкатҳои тадқиқотии дорои сармояи хориҷии зиёда аз 20% гузаронидани тадқиқоти маркетингиро дар Русия манъ мекунад.
Ҳоло вакилон ҷорӣ намудани қоидаҳои шабеҳро барои бозори таблиғот барои тақвияти ҳифзи маълумоти миллӣ ва маҳдуд намудани таъсири корпоратсияҳои хориҷӣ баррасӣ мекунанд.
Аксҳо: манбаъҳои кушода
